Остона аз ҳабси пешакии пулҳои Қазоқистон дар доираи баррасии шикояти ду шаҳрванди Молдова ва ширкатҳояшон норозӣ аст. Расонаҳо пештар хабар доданд, додгоҳе дар Нидерландия ба ҳабси дороиҳои Бунёди миллии Қазоқистон иҷозат додааст, ки дар ихтиёри ширкати ҳоландианд.
Аз ҷумла, 5 октябр хабар расид, саҳмияҳои ҳукумати Қазоқистон дар даҳҳо ширкати Шветсия баста шуданд. Вазорати адлияи Қазоқистон гуфт, Остона тайи 4 соли ахир бо даъвои шаҳрванди Молдова Анатол Статӣ ва писараш Габриэл Стативу ширкатҳои онҳо "Ascom Group S.A." ва "Terra Raf Trans Trading Ltd" ба як қатор баҳсҳои додгоҳии ҳакамӣ кашида шудааст. Маблағи даъво беш аз 4 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Додгоҳи ҳакамии шаҳри Стокҳолм моҳи декабри соли 2013 баҳси 500-миллиондоллариеро ба нафъи Статиҳо ҳал кард. Қазоқистон ба ин ҳукм норозигӣ баён ва ба додгоҳи баррасии шикоятҳо муроҷиат кард.
Додгоҳи баррасии шикоятҳо 9 декабри соли 2016 ҳукми додгоҳи ҳакамиро бетағйир гузошт ва мақомоти Қазоқистон аз ин қарор боз ба Додгоҳи олии Шветсия шикоят бурданд.
Ба огаҳии Вазорати адлияи Қазоқистон, Остона дертар санадҳоеро дастрас кард, ки исбот мекунанд, Статӣ тайи чандин солҳо дар ин кишвар дар як қатор нақшаҳои қаллобӣ иштирок доштааст.
"Ба воситаи силсилаи қарордодҳо бо шахсони номаълум ва ҳисоботҳои молии сохта Статӣ арзиши бунёди корхонаи коркарди газро дар Қазоқистон зиёд нишон додааст", - гуфт Вазорати адлияи Қазоқистон.
Қазоқистон 5 октябри имсол ба додгоҳи минтақавие дар ИМА шикоят бурда, Статиро дар қаллобӣ айбдор ва ҷуброни зарар талаб дорад.