Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентии Қирғизистон эълон шуд


Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон натиҷаҳои ниҳоии раъйшумории дастии овоздиҳиро эълон кард.

Бино бар иттилои соати 19 шоми 18 октябри соли 2017 натиҷаҳо чунинанд:

Дар ҷои аввал бо 54,74 дарсади раъйи мардум Сооронбой Ҷээнбеков қарор дорад;

Дар ҷои дувум раиси ҳизби "Республика - Ота-Журт" Омурбек Бабанов бо 33,7 дарсади раъйи мардум;

Мақоми севумро раиси ҳизби "Бутун Қирғизистон" Адахон Мадумаров бо касби 6,55 дарсади раъйи овоздиҳандагон соҳиб шудааст.

Раиси ҳизби "Оқ Шумкар" Темир Сариев бо касби 2,57 дарсади раъйи сокинони Қирғизистон дар мақоми чаҳорум қарор гирифтааст. Номзадҳои боқимонда аз як дарсад поёнтар раъй гирифтаанд.

Дар райъдиҳии 15 октябр 1 миллиону 692 ҳазору 423 шаҳрванди ҳаққи раъй ширкат кард. Ин нишондод 55,93 дарсади сокинони ҳаққи раъйро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG