Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туск: ИА ҳаққи дахолат дар қазияи Каталонияро надорад


Иттиҳоди Аврупо (ИА) наметавонад, дар қазияи вилояти худмухтори Испания - Каталония дахолат кунад. Ин нуктаро раиси Шӯрои ИА Доналд Туск дар як ҳамоиши ин иттиҳод дар Брюссел баён кард.

Доналд Туск гуфт, ИА ҳатто имкони миёнаравиро дар ин буҳрон надорад.

Ҳукумати Испания рӯзи панҷшанбе гуфт, ки омодааст, худмухтории Каталонияро бекор карда, бар пояи банди 155-и Конститутсияи худ онро аз марказ идора кунад.

19 октябр муҳлати додаи Мадрид ба мақомоти Каталония ба поён расид. Мақомоти Испания ба Каталония муҳлат дода буданд, то шарҳ диҳад, ки истиқлоли худро эълом кардааст, ё не.

Каталония 1 октябр раъйпурсии истиқлолхоҳии худро баргузор кард. Беш аз 90%-и раъйдиҳандагон ҷудо шудан аз Испанияро ҷонибдорӣ карданд. Мадрид раъйпурсиро ғайриқонунӣ донист.

XS
SM
MD
LG