Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Испания дар робита бо Каталония ҷаласаи изтирорӣ барпо мекунад


10 октябр Пуйҷемон дар Барселона эъломияи истиқлолоияти Каталонияро имзо кард
10 октябр Пуйҷемон дар Барселона эъломияи истиқлолоияти Каталонияро имзо кард

Ҳукумати Испания рӯзи 21 октябр як ҷаласаи изтирорӣ доир карда ҷараёни мутаваққиф кардани мухторияти Каталонияро, ки дар паи як назархоҳӣ истиқлолияти худро эълон кардааст, шурӯъ мекунад. Дафтари нахуствазир Мариано Раҳой гуфт, ки аъзои ҳукумат ба хотири ба кор андохтани моддаи 155-уми Конститутсияи Испания мулоқот мекунад, ки ба Мадрид ҳақ медиҳад дар сурати мухолиф бо ӯҳдадориҳояш амал кардани Каталония ҳукумати мустақим аз болои минтақаро ҷорӣ кунад.

Ҳукумат барои баррасии тадбирҳое дар нисбати Каталония ҷамъ мешавад, ки онҳоро баъдан ба баррасии Сенат мегузорад. Карлос Пуйҷемон, раҳбари Каталония, ки мебоист рӯзи 19 октябр дар бораи хатми талошҳои истиқлолхоҳии минтақа изҳорот медод, гуфт, агар Мадрид “фишорро идома диҳад”, ин минтақа аз Испания ҷудо хоҳад шуд.

Дар паи як назархоҳии баҳсбарангез, ки 1 октябр баргузор шуд, Пуйҷемонт эъломияи истиқлолияти Каталонияро имзо кард. Вале дар пай иҷрои онро мутаваққиф кард ва ба музокирот бо Мадрид пардохт. Дар назархоҳии истиқлолхоҳии Каталония 43 дар сади раъйдиҳандагон иштирок карданд. Мақомоти минтақавӣ гуфтанд, ки 90 дар сади сокинон дар ин овоздиҳӣ посухи мусбат доданд. Вале ҳукумати марказии Мадрид ин овоздиҳиро ғайриқонунӣ номидааст.

XS
SM
MD
LG