Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори ТВ "Хатлон" ғолиби Дави кайҳонӣ шуд


Давлаталӣ Шамсов.
Давлаталӣ Шамсов.

Давлаталӣ Шамсов, хабарнигори ТВ «Хатлон», дар 41-умин Марафони байналмилалии кайҳонӣ дар шаҳри Королёвои вилояти Маскави Русия мақоми аввалро касб кард.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри кайҳоннавардон – Королёво -бо ширкати беш аз 1500 даванда (мардону занон) аз манотиқи мухталифи Русия, инчунин, ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ - Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Тоҷикистон, Узбакистон ва Эстония - баргузор шуд.

Давлаталӣ Шамсов рӯзи 19-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ман ин дафъа дар ин Марафони байналмилалии кайҳонӣдар давидан ба масофаи 10 километр ширкат кардам. Ман ин масофаро дар муддати 54 дақиқаю 15 сония аввалин шуда тай намуда, бо медали тилло ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шудам.”

Давлаталӣ Шамсови 65-сола, узви Созмони хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон, танҳо варзишгарест, ки дар муддати даҳ соли ахир Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ намояндагӣ мекунад ва ҳамеша бо ҷоизаҳо мукофотонида мешавад.

Ин собиқадори варзиши тоҷик, инчунин соли 2012 дар дави марафонии ҷаҳонӣ дар шаҳри Барселонаи Испания бо нишони хотиравӣ сарфароз гаштааст. Дар ин пойга беш аз 20 ҳазор варзишгар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ширкат дошт. Давлаталӣ Шамсов танҳо варзишгаре буд, ки минтақаи Осиёи Марказиро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ намояндагӣ кард.

Ӯ дар ин дави марафонии ҷаҳонӣ дар Барселона дар гурӯҳи бузургсолон (аз 60-сола боло) дар пойга ба масофаи 42 километру 195 метр дар байни беш аз 6000 варзишгар мақоми 16-умро касб карда, бо медали хотиравӣ мукофотонида шудааст.

XS
SM
MD
LG