Пайвандҳои дастрасӣ

Отамбоев дар баҳси бархоста бо Қазоқистон олигархҳоро айбдор кард


Алмосбек Отамбоев ва Нурсултон Назарбоев

Алмосбек Отамбоев – раиси ҷумҳури Қирғизистон – гуфт, ки вақте бо эҳсосот дар бораи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбат мекард, шояд "ноҳаққӣ" кардааст. Ӯ рӯзи 18-уми октябр ҳангоми супоридани стипендияи президентӣ ба донишҷӯёни фаъол дар Бишкек дар ин бора изҳори назар кард.

Қаблан Отамбоев раҳбарияти Қазоқистонро барои ҳимоят аз Омурбек Бабанов, номзад ба мақоми президентӣ ва, ҳамин тавр, дахолат ба кори дохилии Қирғизистон, муттаҳам карда буд.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон вазъ дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистонро, ки дуруст баъд аз изҳороти ҷониби Бишкек ба вуҷуд омад, кори атрофиёни Назарбоев номид. Ӯ гуфт, “фикр мекунам, президенти Қазоқистон ҳатто дар ин бора гумон намекунад. Атрофиёни Назарбоев – олигархҳое, ки дар фикри Қазоқистону Назарбоев нестанд ва танҳо ояндаи худро меандешанд.”

Расонаҳои Қирғизистон аз қавли Алмосбек Отамбоев навиштанд, “имрӯз дар марзи Қирғизистону Қазоқистон мушкил ба миён омадааст. Бархе мегӯянд, ки тамоми роҳҳои ҳамлу нақли Қирғизистон аз Қазоқистон мегузаранд, ки ин нодуруст аст. Мо ҳамсояҳои дигар низ дорем. Дар ёдам ҳаст, ки чи гуна барқу гази моро қатъ карданд. Ҳоло мо бо Узбакистон, Чин ва Тоҷикистон муносибатҳои хуб дорем. Албатта, бояд роҳҳои дигари содироти маҳсулоти худро низ бояд пайдо кунем.”

Вазъи марзи Қазоқистону Қирғизистон 10-уми октябр номуътадил шуд. Ба огаҳии мақомоти қирғиз, Қазоқистон, аз соати 18:00-и 10-уми октябр убури марзро сангинтар кардааст, ки дар натиҷа дар гузаргоҳҳои марзии ду кишвар навбатпоии тӯлонӣ ба вуҷуд омад.

Бархе аз мусофирон санҷишҳои тӯлониро дар марз ба изҳороти президент Алмосбек Отамбоев рабт медиҳанд, ки мақомоти Қазоқистонро ба дахолат дар интихоботи президентии кишвараш айбдор кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG