Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қиссаҳои тиллоии ишқ"-и Зулфиқоров барандаи ҷоизаи Бунин шуд. ВИДЕО


Темур Зулфиқоров
Темур Зулфиқоров

“Қиссаҳои тиллоии ишқ” – асари Темур Зулфиқоров – адиби русзабони Тоҷикистон барандаи ҷоизаи Бунин дар Русия шуд.

Наталя Зулфиқорова, ҳамсари Темур Зулфиқоров, рӯзи 18-уми октябр гуфт, ки дар ин бора аз маъмурияти ҷоизаи Бунин ба онҳо хабар додаанд. Ба қавли Зулфиқорова, маросими тақдими ҷоизаи Бунин рӯзи 24-уми октябр дар толори Донишгоҳи гуманитарии Маскав баргузор мешавад.

“Қиссаҳои тиллоии ишқ”-и Темур Зулфиқоров гулчини ҳикояҳои ҳикматомези адиб аст, ки соли 2017 ба нашр расидааст.

Темур Зулфиқоров моҳи августи соли 1936 дар Душанбе дида ба ҷаҳон кушодааст. Падараш – Қосим Зулфиқоров котиби аввали Ҳизби коммунист дар ноҳияи Шаҳринав буд ва соли 1937 ҳамчун "душмани халқ" қатл шуд. Модараш – профессор Людмила Успенская – яке аз муаллифони “Луғати тоҷикӣ-русӣ”-и чопи соли 1954 буд.

Зулфиқоров муаллифи сенарияи 9 филм, аз ҷумла “Рояли сафед”, “Ошпаз ва овозхон”, “Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад”, “Мурғи сиёҳ”, “Саробҳои ишқ”, “Ишқи аввали Насриддин”, “Бозгашти Хоҷа Насриддин” ва “Пешхидмат бо лаълии тило”-ст. Номи ӯ ду дафъа ба ҷоизаи адабии Нобел пешбарӣ шудааст.

Видео аз бойгонии Радиои Озодӣ: ​Гуфтугӯ бо Темур Зулфиқоров

Гуфтугӯ бо нависандаи русзабони тоҷик Темур Зулфиқоров
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:13 0:00

XS
SM
MD
LG