Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ: Камбудиҳоро наворбардорӣ карда ба мо фиристед


Ҳукумати шаҳри Душанбе аз сокинон хостааст, ки дар сурати мушоҳидаи камбудиву нуқсон дар ҳудуди шаҳр онро аксу навор гирифта, ба суроғаи шаҳрдорӣ фиристанд. Дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе рӯзи 17-уми октябр хабар дод, ки ҷиҳати саривақт бартараф кардани камбудиҳо сокинон бо аксу видео бояд шаҳрдориро дар ҷараён гузоранд.

Ба иттилои манбаъ, “муаллифон метавонанд, ки дар садри мавзӯъ маҳалли содиршавиии ҳуқуқвайрокунӣ ё камбудии ҷойдоштаро гузошта, сипас навор ё акси гирифтаашонро тавассути замима ба мавзӯъ ба суроғаи мазкур ирсол намоянд. Инчунин онҳо метавонанд тариқи шабакаҳои Viber ё Whats App бо рақами 985 -95-22-22 навор ё акси гирифтаашонро ирсол намоянд”.

Шаҳрдорӣ махфияти муаллифони навор ва аксҳоро, ки дастраси Рустами Эмомалӣ мешаванд, кафолат додааст.

Дафтари шаҳрдори Душанбе мегӯяд, “баъди пахши ҳар аксу навори ба бахши мазкур воридгардида, масъулин вокуниш нишон дода, камбудиву нуқсонҳои ҷойдоштаро ислоҳ менамоянд”.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки соли ҷорӣ Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми шаҳрдори Душанбе таъйин шуд.

Видеоҳои охирин

Говҳоямонро дар куҷо забҳ кунем?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:12 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG