Пайвандҳои дастрасӣ

Элла Памфилова гуфт, Навалний ҳақи ширкат дар интихоботро надорад


Раиси Комиссиюни интихоботии Русия гуфт, ки пешвои мухолифон Алексей Навалний то соли 2028 наметавонад дар интихобот номзадиашро пешбарӣ кунад. Зимни як суханрониаш дар як ҷашнвораи ҷавонон дар Сочӣ Элла Памфилова хитоб ба Навалний ва тарафдоронаш гуфт, ки ӯ наметавонад дар муддати 11 соли дигар ҷӯёи курсии президентӣ шавад. Навалнии 41-сола дар остонаи интихобот фаъолона талош дорад номзадиашро пешбарӣ кунад, вале ба эҳтимоли ғолиб ин навбат низ президент Владимир Путин пирӯз мешавад. Ин даври чоруми раҳбарии Путин дар Русия хоҳад буд. Интихобот марти соли 2018 баргузор мешавад.

Дар ҳоле, ки мақомоти интихоботӣ ба вуҷуди ду парвандаи марбут ба тақаллуби молии Навалний дар додгоҳҳои Русия ишора мекунад, худи сиёсатмадор мегӯяд, ин парвандаҳо ангезаҳои сиёсӣ дошта сохтакорӣ шудаанд ва ҳадафашон аз рақобатҳои президентӣ дур кардани ӯ мебошад. Памфилова гуфтааст, “Ҷаноби Навалний сиёсатмадори ҷавон ва ояндадор мебошанд, ва ҳанӯз шонси зиёд доранд”. Памфилова гуфтааст, ки бо сабаби содир шудани ҳукм дар додгоҳҳои Русия Навалний то соли 2028, ба иловаи шаш моҳи дигар ҳақи ширкат дар интихоботро надорад.

Навалний рӯзи 7 октябр ба муносибати 65-солагии президент Путин эътирозҳои саросарӣ баргузор кард. Ширкатдорони ин эътирозҳо аз ӯ хостанд, ки номзадиашро дар интихоботи соли оянда пешбарӣ кунад. Дар паи ин эътироз садҳо нафар озод шуданд. Илова ба эътирози зиддиҳукуматӣ, Навалний дар мавридҳои зиёд нақшаҳои фасодкории мақомоти баландпояи Русияро фош кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG