Пайвандҳои дастрасӣ

HRW: Дар Афғонистон духтарҳо аз таҳсил дур мондаанд


Гузориши вижаи созмони Human Rights Watch мегӯяд, ки талошҳои Кобул ва созмонҳои байналмилалӣ барои бо таълим фаро гирифтани духтарҳо дар Афғонистон “дар солҳои охир ба таври қобили мулоҳиза ноком шудааст”. Гузориш мегӯяд, бо бадтар шудани вазъи амниятӣ ва ҳам дур шудани созмонҳои байналмилалӣ аз кор дар Афғонистон, шароити таҳсили духтарҳо дар мактабҳои ин кишвар хеле сахт шудааст.

Баъди 16 соли ронда шудани Толибон аз сари қудрат дар Афғонистон, аз се ду ҳиссаи духтарҳо дар Афғонистон берун аз таҳсилу илмомӯзӣ мондаанд, омадааст дар гузориши ин созмон, ки рӯзи 17 октябр нашр шуд.

Гузориш ҳокист, ки ҳоло назар ба даврони Толибон шмори бештари духтарҳо дар мактаб ҳозир мешаванд, вале ҳанӯз ҳам ҳукумати рӯ ба Ғарби Афғонистон фарсахҳо дур аз ҳадафи тиллоиаш барои бо саводнок кардани кулли духтарҳо дар ин кишвар мебошад. Ҳукумат мегӯяд, ки феълан 3,5 миллион кӯдак берун аз мактаб аст ва 85 дар сади онҳоро духтарҳо ташкил медиҳанд. Дар муқоиса бо 66 дар сад писарбачаҳое, ки хондаву навишта метавонанд, шумори духтарҳои босавод танҳо 37 дар садро ташкил медиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG