Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба тамрингоҳи полиси Афғонистон 16 нафар кушта шуд


Мақомот дар Афғонистон гуфтанд, ки дар паи таркиши маргталабони бомбафкан ва ҳам афроди мусаллаҳ дар як тамрингоҳи полиси ҷанубушарқи ин кишвар 16 нафар кушта шуда, даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ гардиданд. Масъулияти ин ҳамларо, ки рӯзи 17 октябр рух дод, Толибон ба дӯш гирифтанд. Ҳодиса дар шаҳри Гардези маркази маъмурии Пактико, воқеъ дар марзи Покистон рух дод.

Вазорати умури дохила гуфт, ки як маргталаб мошини ҳомили маводи мунфаҷираро дар назди тамрингоҳи полис тарконд ва дар паи он чанд силоҳбадаст ба ин сохтмон ҳамла карданд. Ҳидоятулло Ҳамидӣ, як мақоми беҳдоштӣ гуфт, ки дар миёни қурбониҳо занон, донишҷӯён ва ходимони полис мебошанд.

Ба иттилои як мақоми амниятӣ, дар ин ҳодиса раиси полиси вилоят Ториял Абдиёнӣ ҳам кушта шудааст. Аз ҷониби нирӯҳои ҳукуматӣ дасти кам ду ҳамлагар кушта шудааст. Дар паи берун шудани нирӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 нирӯҳои ҳукуматии Афғонистон талош мекунанд бо нирӯи худ зидди шӯришиён мубориза баранд.

XS
SM
MD
LG