Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Македония ҳизби ҳоким барандаи интихобот шуд


Ҳизби ҳокими Сотсиал-демократи Македония дар интихоботи маҳаллии рӯзи 15 октябр худро пирӯз эълон кард ва гуфт, ки ин таҳаввулот кишварро ба узвияти НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо мебарад. Нахуствазир Зоран Заев ва ҳизби сотсиал-демократи ӯ гуфт, ки дар даври аввали интихобот рӯзи 15 октябр 40 дар сади раъйҳоро дар 81 нуқта ба даст овардааст. Вай натиҷаҳои интихоботро “пирӯзии демократия” унвон кард ва тарафдоронаш дар шаҳри Скопйе ба таҷлили ин пирӯзӣ шурӯъ карданд. Заев гуфт, интихоботи Македония озод, сулҳомез ва бидуни фишор баргузор шуд.

Дар паи ҳисоби 30 дар сади баргаҳои 3480 нуқта, ҳизби Заев дар 44 нуқтаи маъмурӣ пирӯз шудааст. Номзадҳои ҳизби умдаи миллатгароҳо дар 13 минтақа баранда шуданд. Мақомот ҳисоб кардаанд, ки дар интихобот 60 дар сад ваё 1,8 миллион нафар раъй доданд.

XS
SM
MD
LG