Пайвандҳои дастрасӣ

Кормандони Академияи илмҳои Тоҷикистон, созмони "Пантера" ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист як бабри барфиро, ки дар асорати сокинони ноҳияи Ванҷ қарор дошт, ба табиат раҳо карданд. Халил Каримов, корманди Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи 16-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин бабрро як ҳафта пеш сокинони деҳаи Бунайи ноҳияи Ванҷ боздошт карда, дар дохили панҷара нигоҳ медоштанд.

“Ин бабр як ҳафта пеш ба деҳа наздик шудааст ва ӯро сагҳо иҳота карданд. Дар паи зарби як сокини маҳаллӣ ҳушаш меравад. Вақте мо хабар ёфтем, ба ин деҳа рафтем. Он сокин намехост бабрро раҳо кунад, вале дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ӯро розӣ кардем. Имрӯз ин бабр ба табиат раҳо шуд”, - гуфт ӯ.

Бабри барфӣ, ки сокинони маҳаллӣ онро “паланги ширмол” низ меноманд, аз нодиртарин ҷонвар аст, ки танҳо дар қаламрави 12 кишвари ҷаҳон зиндагӣ мекунад. Дар Тоҷикистон ҳудуди 300 бабри барфӣ сабт шудааст ва он ҳамчун ҷонвари махсус ҳифзшаванда дар Китоби Сурхи Тоҷикистон номнавис шудааст.

Созмони амрикоии “Пантера” чанд сол боз талоши ҳифзи бабрҳои барфӣ дар Тоҷикистонро дорад. Ин созмон дар вилояти Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Тоҷикистон ба сокинон кӯмак мекунанд, то аз кушта шудани ин ҷонвари нодир ҷилавгирӣ кунанд. Коршинсон мегӯянд, бинобар кам шудани бузҳои кӯҳӣ, харгуш ва дигар хӯрок ин ҷонвар бабри барфӣ ба чорпои сокинон дар деҳот ҳамла мекунад, ки аксаран боиси нобуд шуданашон мегардад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG