Ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" рӯзи 14-уми октябр бо нашри як изҳорот хабар дод, ки Тошканд барои сафарҳои расмии президенти ин кишвар ҳавопаймои сарватманди узбактабори Русия Алишер Усмоновро ба иҷора гирифтааст.
Ин изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон, ҳафтаи гузашта барои иштирок дар саммити кишварҳои ИДМ дар Сочӣ аз ин ҳавопаймо истифода кард. Қаблан, ӯ барои ширкат дар ҷаласаи 72-уми Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк низ бо ин ҳавопаймо рафта буд.
Рӯзи 14-уми октябр Ширкати миллии ҳавопаймоии "Узбекистон ҳаво йуллари" дар сомонаи худ хабар дод, ки ин ҳавопайморо барои парвозҳои дури президенти Узбакистон ба иҷора гирифтаанд. "Ҳукумати Узбакистон ба Ширкати миллии ҳавопаймоии «Узбекистон ҳаво йуллари» супориш дод, то барои сафарҳои дури президенти кишвар ҳавопаймои мувофиқеро пайдо кунанд. Аз нуқтаи назари бехатарӣ ва техникӣ Airbus 340 M-IABU интихоб шуд", - зикр шудааст дар изҳороти ин ширкат.
Зимнан, дар изҳороти ин ширкат гуфта намешавад, ки ҳавопаймо то кадом мӯҳлат ва бо чӣ нарх иҷора гирифта шудааст.
Ҳавопаймои Airbus A340-313-и Алишер Усмонов яке аз гаронтарин ҳавопаймоҳои ҷаҳон ба шумор меояд ва 350 миллион доллар арзиш дорад. Ҳавопаймо ба хотири падари миллиардер -- "Бурҳон" номгузорӣ шудааст.