Пайвандҳои дастрасӣ

Омано: Барномаи ҳастаии Эрон зери назорати шадиди мост


Юкио Омано, раиси Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ

Юкио Омано, раиси Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ, бо суханони раиси ҷумҳури Амрико, ки рӯзи 13-уми октябр раванди назорат аз барномаи ҳастаии Эронро заиф номид, мухолифат кард. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир шадидтарин назорат рӯйи барномаи атомӣ дар мавриди Эрон иҷро мешавад.

Омано таъкид кард, ки Эрон бар асоси ваъдаҳояш дар тавофуқномаи ҳастаӣ амал мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ба ҳамтои эронии худ Ҳасани Рӯҳонӣ итминон додааст, ки кишвараш ба созиши ҳастаӣ пойбанд аст. Аммо Исроилу Арабистони Саудӣ аз мавзеъгирии Доналд Трамп алайҳи Эрон ҳимоят кардаанд.

Раиси ҷумҳури Амрико шаби гузашта Эронро як “режими саркаш” хонд ва ваъда, ки фишор болои ин кишварро афзоиш хоҳад дод. Доналд Трамп хуруҷи Иёлоти Муттаҳидаро аз тавофуқи ҳастаӣ миёни Эрону қудратҳои ҷаҳонӣ эълон накард, аммо гуфт, агар нуқсҳои ҷиддии тавофуқнома рафъ нашаванд, Амрико аз он берун хоҳад рафт.

Созиши ҳастаии Эрон ва қудратҳои ҷаҳон, аз ҷумла Амрико, соли 2015 дар даврони ҳукумати Барак Обама ба даст омад. Доналд Трамп дар замони маъракаи интихоботи президентии соли гузашта ва баъди расидан ба Кохи Сафед аз ин тавофуқнома интиқод карда, онро созиши бадтарин ва якҷониба хондааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG