Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қироати ҳукми Навоз Шарифу пайвандонаш ба таъхир андохта шуд


Марям Шариф
Марям Шариф

Дар паи задухӯрдҳои миёни полис ва тарафдорони нахуствазири собиқ Навоз Шариф, додгоҳе дар Покистон тасмими содир кардани ҳукми ӯ ва духтару домодашро аз рӯи иттиҳоми фасодкорӣ ба таъхир андохт. Задухӯрд дар пушти дари додгоҳи Исломобод рӯзи 13 октябр ва дар лаҳзаҳое сар зад, ки духтари нахуствазири собиқ Марям Навоз ва ҳамсараш Муҳаммад Сафдар бояд ба муҳокима ҳозир мешуданд. Шариф ин дафъа ҳам бо сабаби маризии ҳамсараш дар Лондон ба мурофиа наомад . Дар паи моҷарои назди додгоҳ, додрас қироати ҳукмро ба рӯзи 19 октябр вогузор кард. Мурофиаи додгоҳии зидди Навоз Шариф ва пайвандонаш баъди он шурӯъ шуд, ки таҳқиқи маъруф ба авроқи Панама соҳиби ширкату дороиҳои пинҳонӣ будани нахуствазири собиқ дар минтақаи офшорро фош кард. Худи нахуствазири пешин, ки баъди ин моҷаро аз мақомаш рафт, ҳама гуна каҷрафториро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG