Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Трамп дар робита бо Эрон


Интизор меравад, ки дар як суханрониаш рӯзи 13 октябр президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи тадбирҳои муҷозоткунандаи Эрон сӯҳбат кунад. Айни замон, бархе мақомоти амрикоӣ рӯзи 12 октябр ба матбуот гуфтаанд, ки ИМА тавре пештар гуфта мешуд, аз созиши ҳастаӣ бо Эрон хориҷ намешавад. Бархе мақомот ба шарти ифшо нашудани номашон гуфтанд, ки Трамп дар изҳороти худ хоҳад гуфт, ки созиши соли 2015 бо Эрон мавриди таваҷҷӯҳи манфиатҳои амнияти миллии ИМА нест ва баъди тасмими пешбурди тавлиди силоҳи баллистикӣ ва эҷоди нигаронӣ аз ноамнии Ховари Миёна, Эрон “рӯҳияи ин созишро” нақз кардааст. Айни замон, Трамп намегӯяд, ки Эрон аз назари фаннӣ созишро нақз кардааст ва ба барқарор шудани таҳримҳои зидди ин кишвар даъват нахоҳад кард. Бар иваз, Трамп ба ворид кардани тағйирот ваё табдили санаде пофишорӣ мекунад, ки аз Эрон дар фурсати ҳар 90 рӯз талаб мекунад, ки пойбанд буданаш ба ӯҳдадориҳои гирифтаашро намоиш диҳад. Қаблан Трамп бо ҳамин бахши созиш ҳам мухолифати шадид дошт.

XS
SM
MD
LG