Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Ба Кузов дар Тоҷикистон шиканҷа таҳдид мекунад


Созмони байналмилалии Human Rights Watch мақомоти Юнонро ҳушдор додааст, ки аз истирдоди Мирзокарим Кузов (маъруф бо тахаллуси Шоҳнаими Карим) ба Тоҷикистон худдорӣ кунад, вагарна дар ватан азият ва шиканҷа мешавад. Ин созмон гуфтааст, боздошти Кузов, як узви фаъоли ҲНИТ рӯзи 9 октябри соли ҷорӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Атен бо дархости мақомоти тоҷик ва аз рӯи феҳрасти полиси байналмилалии Интерпол сурат гирифтааст.

Ин созмон менависад, ки иттиҳомоти Кузов ангезаҳои сиёсӣ дошта, дар асл ӯро барои фаъолияти сулҳомези оппозитсиониаш мавриди пайгард қарор додаанд. “Юнон ӯҳдадории қонунӣ дорад, ки касеро, ки дар ватанаш бо шиканҷа ё бадрафторӣ рӯбарӯ аст, ба ватан бозпас надиҳад”, омадааст дар изҳороти Human Rights Watch. Ба навиштаи ин созмон, дар Тоҷикистон Кузов барои фаъолиятҳои экстремистӣ (моддаи 307, прим 1 ва 307, прим.2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) муттаҳам мешавад.

Мирзокарим Кузов дар роҳ аз Варшава, ки он ҷо дар ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА иштирок кард, дар Атен боздошт шуд. Ҳадафи ӯ сафар ба Теҳрон буд, ки баъди тарки Тоҷикистон карданаш дар сентябри соли 2015 дар он ҷо ва ҳам Туркия ба сар бурдааст. Ба навиштаи Human Rights Watch, аҳли хонаводи ӯ тавонистааст танҳо моҳи августи имсол аз Тоҷикистон берун равад.

Баъди манъи фаъолияти ҲНИТ ва террористӣ эълон шудани он дар хоки Тоҷикистон дар сентябри соли 2015, 13 узви баландпоя ва беш аз 100 узви дигари он ба зиндон рафтанд.

XS
SM
MD
LG