Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Камаз" дар Восеъ 52 гӯсфандро пахш кард


Як ронандаи бошини борбари "Камаз" рамаи гӯсфандонро дар шоҳроҳи Кӯлоб-Восеъ пахш намудааст, ки дар натиҷа даҳҳо сар гӯсфанд талаф ёфтааст. Аз Бозрасии давлатии автомобилии минтақаи Кӯлоб рӯзи 13-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса соатҳои тақрибан 2-и шаби гузашта рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, рама ба яке аз хоҷагиҳои ноҳияи Панҷ тааллуқ доштааст ва ба тарафи айлоқ равон буданд. Бар асари ин ҳодиса 52 сар гӯсфанд талаф ёфтааст. Мақомот мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир тафтиши ҳодиса оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG