Пайвандҳои дастрасӣ

“Тоҷикистон - Узбакистон” – Маҳсулоти ду кишвар зери як тамға. АКС


Тоҷикистон ба Узбакистон пешниҳод кард, ки ду кишвар тиҷорати муштарак ба роҳ монанд. Дар ин бора расонаҳои Узбакистон рӯзи 12-уми октябр хабар доданд.

Ба гуфтаи раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид, ин тасмим ба ду кишвар имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои муштараки муваффақонае дошта бошанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар, сарфи назар аз рушди нишондодҳо дар солҳои охир қонеъкунанда нест.

“Барои даст ёфтан ба ҳадафҳо мо метавонем аз усулҳои нав, ба монанди тиҷорати нерӯи барқ, лизинг, ташкили истеҳсолоти инноватсионии муштарак, кор гирем. Ба ин тартиб, дар якҷоягӣ зери як тамғаи "Тоҷикистон-Узбакистон" ба бозорҳои кишварҳои дигар роҳ ёбем", - гуфт Шариф Саид дар анҷумани тиҷоратӣ дар шаҳри Тошканд.

Ӯ афзуд, бовар дорад, ки соҳибкорони узбак бо истифода аз имкониятҳои мазкур, ҳаҷми даромад ва сармояҳояшонро дар Тоҷикистон зиёд хоҳанд кард.

Дар ҳоли ҳозир дар Узбакистон 24 корхона бо сармояи тоҷикон фаъолият мекунад. Дар Тоҷикистон низ 9 ширкат бо сармояи шаҳрвандони Узбакистон таъсис шудааст. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ гардиши мол миёни ду кишвар ба 178,2 миллион доллар расид.

Акси бештар аз намоишгоҳи Тоҷикистон дар Тошканд:

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG