Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони дифои ИДМ мулоқот кард


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми октябр дар "Қасри Миллат"-и шаҳри Душанбе бо вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ мулоқот кард. Вазирони дифои кишварҳои ИДМ дар ҳоли ҳозир ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифоъ дар Тоҷикистон қарор доранд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ, тақвияти ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ ва амниятиву дифоӣ баррасӣ шудааст. Манбаъ мегӯяд, ки дар ин мулоқот ҳамчунин дар бораи вазъи Афғонистон, таҳқими тавоноиҳои марзбонӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, баҳс сурат гирифт.

Ҷои зикр аст, ки раёсати ИДМ дар соли 2018 ба Тоҷикистон вогузор шудааст ва ҷаласа сарони ин созмон соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG