Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои афғон як маркази Толибонро дар Сарипул тасарруф карданд


Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Сарипули Афғонистон мегӯянд, ки нерӯҳои давлатӣ як маркази муҳими Толибонро ба тасарруф дароварданд. Халилуллоҳ Дастёр, фармондеҳи амнияти вилояти Сарипул дар сӯҳбат бо бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин марказ дар ҷараёни як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои афғон дар деҳаи Мирзооланги ноҳияи Сайёд рӯзи 11-уми октябр ба дасти нерӯҳои давлатӣ афтод. Вай дар идома гуфтааст, ки ин як минтақаи бисёр муҳим буд, ки бо ба даст гирифтани он, амнияти бахши калоне таъмин мешавад. Фармондеҳи амнияти Сарипул гуфт, ки дар ин ҳамла панҷ тан аз ҷангиёни гурӯҳи Толибон кушта ва ду тани дигари онҳо захмӣ шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG