Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия хабарнигори WSJ-ро барои "таблиғи терроризм" маҳкум кард


Сафири ИМА дар мулоқот бо намояндагони ВАО. 11 октябри соли 2017
Сафири ИМА дар мулоқот бо намояндагони ВАО. 11 октябри соли 2017

Нашрияи The World Street Journal мегӯяд, ки яке аз хабарнигоронаш дар Туркия бо иттиҳоми таблиғи терроризм дар ғиёбаш ба муҳлати ду солу як моҳи зиндон маҳкум шуд.

Нашрия рӯзи 10 октябр гуфт, ки Айла Албайрақ барои даст доштанаш дар таблиғоти пуштибонӣ аз шӯришгарони ғайриқонуии Курд маҳкум шуд. Ин ҳукм аз мақолаи соли 2015 дар бораи низоъи байни неруҳои ҳукуматӣ ва шӯришгарони Курд маншаъ мегирад.

Нашрияи амрикоӣ мақолаи хабарнигорашро ботавозун арзёбӣ кард ва Албайрақ гуфт, ки аз рӯи ҳукми додгоҳ шикоят мекунад.

Ҳукми додгоҳро на мақомот ва на матбуоти Туркия, ки ин қазияро ҳеҷ гоҳ пӯшиш надодааст, тасдиқ накарданд.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки баъди кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар соли 2016, сатҳи озодии баён дар Туркия шадидан поён рафт, сензура ва таъқибу боздошту зуроварӣ алайҳи хабарнигорон афзоиш ёфт.

XS
SM
MD
LG