Пайвандҳои дастрасӣ

Задухӯрди байни тазоҳургарон ва пулис дар Тбилисӣ


Задухурди тазоҳургарон бо пулис дар Тбилиси

Дар Тбилисӣ, пойтахти Гурҷистон, миёни тазоҳургарон ва кормандони пулис задухӯрд сурат гирифт.

Бино ба гузориши хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ, дар ҷараёни задухӯрди пулис бо фаъолони аҳзоби мухолифин, ки алайҳи ироаи порчаи замини "Майдони Озодӣ" ба ширкати миллиардери гурҷӣ - Бидзина Иванишвилӣ эътироз мекарданд, рӯзи 10-уми октябр дастикам 8 нафар боздошт шуд.

Задухӯрд дар ҳоле оғоз шуд, ки пулис аз вуруди намояндагони мардумӣ аз аҳзоби мухолифин ба толори ҷаласаи порлумони шаҳрӣ ҷилавгирӣ кард.

Аз рӯи Қонуни асосии Гурҷистон онҳо ҳақ доранд, дар ҷаласаи порлумони маҳаллӣ иштирок кунанд ва "райъи машваратӣ" доранд. Аммо раиси маҷлиси Тбилисӣ ҷаласаро, ки дар он додани порчаи замин ба яке аз ширкатҳои Иванишвилӣ матраҳ мешуд, "пӯшида" эълон кард. Иванишвилӣ мехоҳад, ин заминро барои бунёди тавқифгоҳи мошинҳо дар канори меҳмонхонаи панҷситораӣ, ки дар ҳоли бунёдшавист, истифода кунад.

Намояндагони мардумӣ аз аҳзоби мухолифин хостанд, бо кумаки тарафдорони худ сафи пулисро рахна кунанд ва ба толор ворид шаванд, аммо ба муқовимати шадид рӯ ба рӯ шуданд.

Сарфи назар аз эътирозҳо, маҷлиси шаҳрӣ, ки бахши умдаи намояндагонашро аъзои ҳизби "Орзуи Гурҷистон" ташкил додааст, порчаи заминро ба Иванишвилӣ тақдим карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG