Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҳукумати Каталония хостори музокирот бо Испания шуд


Карлес Пучдемон, раиси ҳукумати Каталония, шоми 10-уми октябр ҳангоми суханронӣ дар порлумони ин минтақа хост, ки эълони натиҷаҳои назарсанҷии ахир барои чанд ҳафта ба таъхир андохта шавад, то имкони гуфтугӯ бо ҳукумати марказии Испания фароҳам шавад.

Ба гузориши хабаргузориҳо, Пучдемон аз натиҷаҳои ҳамапурсӣ ҳимоят кард ва аз мардуми Каталония хост, ба "таҳдидҳо" таслим нашаванд.

Чанд соат қабл аз ин изҳороти Пучдемон, раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск аз раиси ҳукумати минтақаи Каталония хоста буд, тасмиме нагирад, ки имкони музокира бо ҳукумати марказии Испания аз байн биравад.

Дар ҳамапурсии рӯзи 1-уми октябр 90 дарсади раъйдиҳандагон ба тарафдорӣ аз истиқлоли ин минтақа аз Испания, оовз доданд. Ҳукумати Испания баргузории ҳамапурсии Каталонияро ғайриқонунӣ хонда, гуфтааст, ки натиҷаҳои ин раъйпурсиро қабул надорад.

XS
SM
MD
LG