Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путину Раҳмон ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистонро баррасӣ карданд


Шоми 10 октябр дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ дар шаҳри Сочи мулоқоти президентони Тоҷикистон ва Русия - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин баргузор шуд. Вебсайти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки дар ин мулоқот дурнамои муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар баррасӣ шуд. Яке аз мавзӯъҳо тавсеаи робитаҳои байниминтақавӣ ва таъмини бозорҳои Русия бо маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон будааст.

Раҳмон аз ҳузури ширкатҳои русӣ дар коркарди захираҳои зеризаминии Тоҷикистон истиқбол намуда хостгори тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноати сабук ва вазнин, кӯҳкорӣ ва кишоварзӣ шудааст. Ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуманитарӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф таъкид кардаанд. Раҳмон аз таъмини мактабҳои русизабони Тоҷикистон бо 62 ҳазор китоби дарсӣ ба забони русӣ ва сафари аввалин гуруҳи омӯзгорон ба кишвараш ташаккур кардааст.

Президенти Тоҷикистон инчунин аз маъракаи авфи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия мамнӯъулвуруд шудаанд, изҳори миннатдорӣ кард. Моҳи апрели соли ҷорӣ Русия гуфт, беш аз 100 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон будубоши худро дар қаламрави Русия дубора ба расмият дароварданд. Дар мулоқоти ду раҳбар инчунин масоили амнияту дифоъ, вазъи сиёсию низомӣ дар Афғонистони ҳамсоя ва мубориза бо терроризму экстремизми байналмилалӣ баррасӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG