Тими миллии футболи Афғонистон чаҳорумин дидорашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё-2019 муқобили мунтахаби Урдун бо ҳисоби 3:3 анҷом дод. Ин бозии гурӯҳи «С» имрӯз, 10-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Бояд гуфт, ки тими миллии Афғонистон ба далели мушкилоти амниятӣ дар Кобул ин бозии хонагиашро дар хоки Тоҷикистон баргузор кард ва мизбонии ин дидорро бар ӯҳда дошт.
Бозӣ бо ҳузури ҳазорҳо тамошогарон, ки аксари кулли онҳо шаҳрвандони Афғонистон буданд, хеле пуршиддат ва шавқангез сурат гирифт. Баъди зарбаи Амир Шарифӣ, бозигари мунтахаби Афғонистон, Муҳаннад Ал-Сулаймон дар дақиқаи 15-ум тӯбро ба дарвозаи дастааш ворид кард. Баъди 25 дақиқа Монтер Абу Умар ҳисобро баробар намуд. Дар охири нимаи аввали дидор капитани урдуниҳо Удай Ал-Сайфӣ тӯбро аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд ва дастаашро ба пеш баровард.
Дар нимаи дувуми бозӣ алоқамандони футбол боз шоҳиди се голи дигар шуданд. Фахруддин Ҳорун дар дақиқаи 64-ум ҳисобро баробар кард. Баъдан Хайбар Амонӣ голи севуми Афғонистонро дар дақиқаи 81-ум ба дарвозаи урдуниҳо ворид намуд. Вале пас аз панҷ дақиқа голи Муҳаннад Ал-Сулаймон мунтахаби Урдунро аз бохт наҷот дод. Ба ин тартиб, бозӣ бо ҳисоби мусовии 3:3 хотима ёфт. Ҳакамони ин бозӣ бо раҳбарии сардовар Масъуд Туфайлӣ аз Сурия буданд.
Зимнан, мунтахаби Афғонистон нахустин дидорашро дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё дар муқобили Ветнам 28-уми марти соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом дода буд. Дар бозии аввали Урдун бо Афғонистон, ки 5-уми сентябр доир шуда буд, мизбонон бо ҳисоби 4:1 пирӯзӣ ба даст оварда буданд.
Дар бозии дигари даври чаҳоруми мусобиқа дар гурӯҳи “С” мунтахаби Ветнам шаби сешанбеи 10-уми октябр дар майдони худ тими Камбоҷаро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи “С” дастаҳои мунтахаби Урдун ва Ветнам бо 8-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро касб кардаанд. Камбоҷа бо 3 имтиёз дар мақоми севум ва Афғонистон бо 2 имтиёз дар мақоми чаҳорум қарор доранд.
Ҳиҷоби Нилуфар Раҷабова духтари зиндонии наҳзатӣ Раҳматуллои Раҷабро маҷбурӣ аз сараш гирифтанд. Толибон бо фармони нав ҳиҷобу бурқаро маҷбурӣ ба сари занону бонувони афғон бор карданд.
Чанд рӯз пеш ба ҳамкасбони мо аз радиои озодӣ дар шаҳри Душанбе ҳамла сурат гирифт. Дар ин ҳамла ҳадди ақал панҷ ҷиноят содир шудааст: барқасд расонидани зарари ҷисмонӣ, таҳдид ба марг ва ба саломатӣ, азхуд кардани моликияти ғайр, халал расонидан ба фаъолияти касбии инсон ва шаҳрванд, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, бидуни рақами қайди давлатӣ рондани воситаи нақлиёт дар дохили пойтахт ва ғ… аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки “обро бо хун нашӯста”, фаъолияти бемамонияти инсон ва шаҳрвандро дар ҳудуди ҷумҳурӣ таъмин намоянд ва омилони ҳамла ба хабарнигорон пайдо карда шуда, мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ ҷазо дода шаванд. Дар ғайри ин сурат аз ҷигари сӯхта нолае сар медиҳем, ки иҷобати он то ҳафт пуштатонро нобут хоҳад кард, бо эҳтиром идораи барномаҳои хабарии шабакаи иттилоотии “Ҷаҳоннамо”
ин Ҳукумат дигар роҳ надорад -"разделяй и властвуй", шиори он аст...Лекин оқибати кораш - турб мешавад
Бародар аввал ту таърихи точиконро хон ,бад фикрк акидаатро навис,Манкурт кист?Оё медони? барзагов
Кал агар табиб будӣ, сари худ даво намудӣ! Ягон фарди Бадахшон ҳаққи маънавии ҷудоиталабиро (сепаратизм) надорад, Тоҷикистон бо Бадахшон комил аст, Бадахшон бо Тоҷикистон! Мисле, ки сарро аз бадан ҷудо созӣ, ҳам сар мемирад, ҳам бадан. Истибдод фақат сокинони боми ҷаҳонро не, дигар манотиқи кишварро ҳам бо шеваҳои гуногун мекушад, садҳо бор марги мармузи сарбоз, марги мармузи муҳоҷир, марги мармузи маҳбусон, марги мармузи бетормуз дар сарҳад, чӣ қирғиз, чӣ афғон, чӣ Сурияву Ироқ ҳама аз дасти истибдод аст. Ҳаққи ҳалоли худро талаб мекунед, офарин аҳсан, вале зикре аз ҷудоиталабӣ ба забон наоред, нишонаи бешуурист.