Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каталония дар интизори изҳороти Карлес Пучдемон


Тазоҳурот дар Барселона
Тазоҳурот дар Барселона

Қарор аст рӯзи 10 октябр раҳбари Каталония Карлес Пучдемон дар порлумони минтақавӣ суханронӣ кунад. Суханронии ӯ дар пасманзари нигарониҳои Мадрид ҷараён мегирад, ки эҳтимол порлумон ба таври якҷониба истиқлолияти Каталонияро эълон кунад.

Дар ростои ҷаласаи порлумон, ки ба соати 18-и вақти Прага барномарезӣ шудааст, чораҳои амниятӣ тақвият ёфтанд. Пулис биноҳои давлатиро назорат мекунад ва равуо ба боғи атрофи порлумони Каталония дар Барселона масдуд шуд.

Сиёсатмадорони ҷудоиталаб мегӯянд, ки дар заминаи реферундуми 1 октябр ва райъи ба гуфтаи онҳо фарогири мардум барои ҷудоӣ аз Испания, онҳо эълони истиқлолиятро интизор доранд.

Аммо охири ҳафта садҳо нафар дар Барселона алайҳи ҷудо шудан аз Испания тазоҳурот карданд.

Онҳо мегӯянд, реферундум хоҳиши воқеии минтақаро нишон надод, , зеро аксари онҳое, ки мехоҳанд дар Испания зиндагӣ кунанд, овоз надоданд.

Мадрид ин назархоҳиро ғайриқонунӣ мешуморад

XS
SM
MD
LG