Пайвандҳои дастрасӣ

"Табиби телевизионӣ" Аллан Чумак даргузашт


Алан Чумак

Аллан Чумак - табиб ва экстрасенси замони Шӯравӣ, шоми дирӯз дар синни 82 солагӣ дар Маскав даргузашт. Дар ин бора Людмила, ҳамсари Чумак ба шабакаи телевизионии РБК хабар дод.

Аллан Чумак солҳои 80-ум дар ҳоле маъруф шуд, ки "ҷаласаҳои дармонӣ"- и ӯ миллионҳо нафарро дар назди телевизор ҷамъ меовард. Дар экран Чумак хомушона даст меҷумбонд ва мардум об, крем, равған ва маҳсулоти дигарро дар назди экран мегузоштанд то ин маҳсулот аз Чумак неру бигиранд. Аксҳои Чумак ки ба гуфтаи худаш "ҳомили энержӣ" буданд дар матбуот нашр мешуд ва ӯ ба мардум тавсия медод, ки ин аксҳоро ба қисматҳои бемори баданашон гузоранд.

Аллан Чумак аз рӯи ихтисос рӯзноманигор буд ва солҳо дар телевизиони шӯравӣ кор кард. Чумак ҳисси бартар, ё экстрасенсиро дар худ баъди таҳияи силсилаи гузоришҳо фошкорона дар бораи экстрасенсҳо кашф кард. Ӯ муаллифи чандин китоби табобатӣ аст. Чумак соли 2012 дар интихоботи думаи давлатӣ аз Самар иштирок кард, аммо танҳо 3 дар сад райъ гирифт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG