Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири собиқи адлияи Қирғизстон ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд. ВИДЕО


Аида Салянова дар мурофиаи додгоҳӣ. 10 октябри соли 2017
Аида Салянова дар мурофиаи додгоҳӣ. 10 октябри соли 2017

Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек собиқ вазири адлияи Қирғизистон Аида Саляноваро дар сӯиистифода аз мақом гунаҳгор дониста ӯро ба 5 соли зиндон ва мусодираи молу амвол маҳкум кард. Додгоҳ гуфт, ки депутати парлумон Салянова мӯҳлати зиндонро баъди 14-сола шудани духтарчаи ҳоло дусолааш адо хоҳад кард.

Парвандаи зидди Салянова декабри соли 2016 боз шуд. Вазири собиқи адлия дар он муттаҳам шуд, ки дар мақоми вазириаш соли 2010 иҷозатномаи кори вакили дифои як ҳамкори Максим Боқиев – Алексей Елисеевро ғайриқонунӣ тамдид карда буд. Худи Салянова қазияро таъқиби сиёсӣ номида гуфтааст, ки аслан гуноҳ надорад.

Рӯзи 20 сентябр додситон аз додгоҳ талаб кард, ки Аида Салянова ба 8 соли зиндон ва мусодираи амвол маҳкум шавад. Рӯзи 10 октябр дар сӯҳбат бо журналистон Салянова гуфт, ки дар марҳилаи сухани охирин на вакилаш, балки худи ӯ баромад кард ва аз пеш медонист, ки ҳукми додгоҳ чӣ гуна хоҳад буд.

Аида Салянова, собиқ вазири адлияи Қирғизистон ба 5 соли зиндон маҳкум шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Салянова мегӯяд, баъди боздошти сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Омурбек Текебоев моҳи марти имсол парвандаи Салянова ҳам ба додгоҳ рафт ва худи ӯву тарафдоронаш ин иқдоми мақомотро талоши фишор болои мухолифини мунаққиди президент арзёбӣ мекунанд. Ҳукми Салянова панҷ рӯз пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ содир шуд. Текебоев яке аз довталабони курсии президентии 15 октябр буд, вале моҳи августи имсол бо иттиҳоми порагирӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯву тарафдоронаш қазияи Текебоевро ҳам дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Худи Алмосбек Отамбоев дигар ҳақи ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳуриро надорад ва талош мекунад собиқ нахуствазири кишвар Сооронбой Ҷеенбеков ба ин мақом баргузида шавад.

XS
SM
MD
LG