Пайвандҳои дастрасӣ

Консерти ҷашни Фалак лағв шуд


Ҷашнвораи фалаксароён соли 2010 дар Хуҷанд баргузор шуд

Барномаи фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Фалак дар Душанбе ба далоили номаъмул лағв шуд. Қарор буд, ин чорабинии фарҳангӣ шоми 9 октябр бо ҳузури фалаксароён аз ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон дар боғи “Нишон”-и пойтахт баргузор мегардид. Манбаъҳои огаҳ аз ин тасмим ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки лағви чорабинии консертии “Рӯзи Фалак” ба даргузашти бародари приезидент Нуриддин Раҳмон рабт мегирад, ки рузи якшанбе ба хок супорида шуд. Нуриддин Раҳмон дар синни 67-солагӣ бар асари сактаи қалбӣ даргузашт.

То ҳол Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин тасмимро расман шарҳ надодааст ва танҳо бо хабари расмӣ аз баргузории силсилачорабиниҳо бахшида ба 10-солагии “Рузи Фалак дар Консерватории миллӣ" хабар пахш кард.

10 соли охир дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми октябр чун Рӯзи Фалак таҷлил мешавад ва бахшида ба ин рӯз, ҳамасола дар Душанбе барномаи консертӣ баргузор шудаву фалаксароён аз ҳама гӯшаву канори кишвар ба пойтахт даъват мешаванд. Вале чанд ҳафта қабл тасмим шуд, ки консерти ҷашни фалак ба хотири сафари гуруҳи ҳунармандони тоҷик ба Узбакистон бо ҳадафи ширкат дар рузҳои фарҳангии Тоҷикистон як рӯз пеш, яъне рӯзи 9 октябр баргузор шавад.

Рӯзи Фалак дар Тоҷикистон ҳар сол бо фармони раисиҷумҳур ва бо ҳадафи густариши ин жанри мусиқӣ баргузор мешавад. Фалак як жанри мардумии таронасароист, ки бештар дар ҷануби Тоҷикистон роиҷ аст ва ҳунармандони маъруфе, чун Одина Ҳошим, Давлатманди Хол, Карими Шиш ва Гулчеҳра Содиқова парвардаи ҳамин сабканд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам яке аз пуштибонони рушди ин ҳунари мусиқӣ дар Тоҷикистон аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG