Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ҷиддии Остона ба суханҳои президенти Қирғизистон


Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев
Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон шоми дирӯз дар робита ба интиқоди президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев "эътирози ҷиддӣ" баён кард.

Отамбоев рӯзи 7 октябр дар шарҳи маъракаҳои интихоботӣ аз мулоқоти президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо номзад ба мақоми президентии Қирғизистон Омурбек Бабанов интиқод кард. Ӯ гуфт, ки мақомоти кишвари ҳамсоя ва афроди сарватманди он ба умури интихоботи Қирғизистон дахолат мекунанд. Отамбоев аз номзадии нахуствазири пешин Сооронбой Ҷеенбеков ҷонибдорӣ мекунад, ки бо Омурбек Бабанов аз номзадҳои аслии интихобот ба шумор меоянд.

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон интиқоди Отамбоевро "бемасъулиятона тавтеабарангез ва таблиғоти пешазинтихоботӣ " номид. Қазоқистон чунин ҳарфҳоро дар муносибати дӯстонаи ду кишвар "ғайриқобил" унвон кард.

XS
SM
MD
LG