Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Reuters: низомиёни Туркия вориди Сурия шуданд


Тонкҳои Туркия ҳангоми машқҳои низомӣ
Тонкҳои Туркия ҳангоми машқҳои низомӣ

Хабаргузории Reuters бо истинод ба сокинони маҳаллӣ иттилоъ дод, ки зиреҳпӯшҳои Туркия рӯзи 8 октябр аз вилояти Идлиб вориди Сурия шуданд. Пештар Анқара хабар дода буд, ки дар ин минтақа зидди гуруҳҳои шӯришгар амалиёт баргузор хоҳад кард. Ин минтақаро ҷангиёни созмони "Таҳрир-уш-Шом" идора мекунанд.

Ду манбаи хабаргузорӣ гуфтанд, ки техникаи ҳарбӣ дар ҳамроҳӣ бо ҷангиёни "Таҳрир-уш-Шом" вориди Сурия шуданд. Ин дар ҳолест, ки ҷангиёни созмони мазкур ва низомиёни турк пештар ба сӯи якдигар оташ мекушоданд.

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфт, шӯришгарони Сурия, ки аз пуштибонии Анқара бархурдоранд, дар Идлиб амалиётеро оғоз хоҳанд кард. Эрдуғон огаҳ кард, ки Туркия ба ташкили "долони террористон" дар наздикии марзҳояш иҷозат нахоҳад дод.

Амалиёти мазкур баъди созиши Туркия бо ҳампаймонони президенти Сурия Башор Асад -- Русия ва Эрон дар бораи ташкили минтақаи амн дар Идлиб оғоз шуд. Вале дар он иштироки "Таҳрир-уш-Шом" пешбинӣ нашуда буд.

Манобеи Reuters, сокинону шӯришгарони маҳаллӣ ва Маркази назорати ҳуқуқи инсони Сурия мегӯянд, низомиёни турк ва "Таҳрир-уш-Шом" дар деҳаи Кафр Лусини Идлиб ба сӯи якдигар оташ кушода буданд. Ҷангиёни "Таҳрир-уш-Шом" ба самти булдозерҳои Туркия, ки деворҳои марзиро тахриб мекарданд, оташ кушоданд ва тӯпхонаҳои Туркия низ ҷавоб доданд.

Идлиб ва ноҳияҳои атрофи он яке аз сераҳолитарин минтақаи шӯришгарон ба шумор меравад. Дар он беш аз ду миллион одам зиндагӣ доранд, ки бештарашон гурезаҳои навоҳии дигаранд.

XS
SM
MD
LG