Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 сокини Мӯъминобод дар садамаи автомобилӣ


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бар асари як садамаи автомобилӣ дар шоҳроҳи Кӯлоб-Норак, чаҳор сокини ноҳияи Мӯъминобод ба ҳалокат расиданд. Ҳодиса шаби гузашта рух додааст. Наздикони ин афрод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ҷавонон аз тӯи яке аз наздиконашон аз Муъминобод ба Душанбе бармегаштанд. Як манбаъ аз Бозрасии давлатии автомобилӣ дар Хатлон гуфт, "ин ҷавонҳо мошинро идора карда натавониста, ба садама дучор шуданд."

Шарифхон, яке аз дӯстони ин ҷавонҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло бояд ҷасадҳоро ба Муъминобод интиқол диҳанд. Вай гуфт, ки ин чаҳор ҷавон аз як деҳа ва бо ҳам ҳамсоя ҳастанд ва дар ҳоли ҳозир чаҳор хонавода мотам доранд.

"Дирӯз ҳамроҳамон буданд, ба Қӯрғонтеппа рафта арӯс овардем ва шаб тӯйро гузаронида, ба Душанбе рафтанд ва дар роҳи Норак ба садама дучор шуданд. Боз ҳар чораш аз як кӯча ва ҳамсоя буданд. Ҳоло дар ин кӯча чаҳор хонавода ва аҳли деҳа мотам доранд. Ҳоло дар роҳ ҷасадҳоро оварда истодаанд",--гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ҳар сол дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна якуним ҳазор садамаи нақлиётӣ рух дода, садҳо нафар ба ҳалокат мерасад. Ахиран бар асари як садама дар вилояти Бадахшон, 10 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG