Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири нави ИМА дар Русия: “Мехоҳам, ки робитаҳо беҳбуд ёбад”


Ҷон Ҳанстман
Ҷон Ҳанстман

Сафири нави Амрико дар Русия гуфт, ки эҳёи ҳокимияти Украина бар тамоми қаламраваш як мавзӯи калидӣ дар бархӯрди ӯ бо Маскав хоҳад буд. Ҷон Ҳанстман вазифаашро ба унвони сафири нави Амрико дар Русия ба дунболи афзоиши танишҳо миёни ду кишвар оғоз мекунад.

Ҳанстман, ки ба ҳайси волии аёлати Ютаи Амрико низ ифои вазифа кардааст, рӯзи 7-уми ддар маркази он гуфт, мехоҳад, равобит бо Русияро беҳбуд бахшад. Аммо таъкид кард, ки нахуст зарур аст, Русия назорати қаламрави Украинаро баргардонад.

Русия соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ҷузъе аз қаламраваш сохт ва аз ҷудоиталабон дар дар ҷанги шарқи Украина ҳимоят кард.

Дар ҷараёни ин ҷанг аз соли 2014 ба ин тараф беш аз даҳ ҳазор нафар кушта шуд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ба хотири ин иқдомоти Русия дар Украина алайҳи Маскав таҳрим ҷорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG