Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп: Фақат як роҳ дар мавриди Куриёи Шимолӣ натиҷа хоҳад дод


Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки дар бархӯрд бо Куриёи Шимолӣ танҳо як кор натиҷа хоҳад дод. Аммо ӯ дақиқ нагуфт, ин чӣ кор буда метавонад.

Трамп рӯзи 7-уми октябр дар саҳифааш дар Твиттер навишт, раиси ҷумҳури ҳукуматҳо аз 25 сол ба ин тараф дар мавриди Куриёи Шимолӣ ҳарф зада, пул харҷ карданд ва тавофуқ имзо намуданд, аммо ба ҷое нарасиданд. “Пеш аз онки ранги имзо дар тавофуқнома хушк шавад, онҳо вайрон шуданд”, - афзуд ӯ.

Доналд Трамп гуфт, танҳо як роҳ дар мавриди Куриёи Шимолӣ натиҷа хоҳад дод.

Трамп пеш аз ин гуфта буд, ки Амрико дар баробари таҳдиди ҷиддии Куриёи Шимолӣ дар баробари худ ва муттаҳидонаш, дар сурати зарурат, ин кишварро яксара аз байн хоҳад бурд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG