Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пучдемон: "Барои муколама миёни Испания ва Каталония миёнҷигарҳо заруранд"


Ҳукумати маҳаллии Каталония иродаи мардуми минтақаро, ки дар ҳамапурсӣ барои истиқлолият райъ додаанд, иҷро хоҳад кард. Изҳороти раҳбари Каталония Карлес Пучдемон дар ин бора ахиран пахш шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати маҳаллӣ хоҳони гуфтугӯ бо Мадрид аст, аммо ҳукумати Испания манфиатҳои мардуми Каталонияро нодида мегирад. Пучдемон афзуд, барои ба роҳ мондани муколама миёни ҳукумати Испания ва маъмурияти Каталония миёнҷигарҳо заруранд.

Шоҳи Испания Фелипе VI дар посух ба ин изҳорот гуфт, музокирот, ҳатто бо ширкати миёнҷигарҳо, фақат баъди он мумкин хоҳад шуд, ки Каталония ба қонун арҷ гузорад.

Аз ин пеш ҳукумати шаҳри Жирони Каталония ба нишони эътироз зидди хушунати полис дар рӯзи ҳамапурсӣ робитаҳояш бо ҳукумати Испанияро қатъ кард. Мири шаҳр Марта Мадренас амали полисро “террор” номид.

Ба иттилои ҳукумати маҳалии Каталония, дар ҳамапурсӣ барои истиқлол, ки рӯзи 1 октябр баргузор гардид, беш аз 40 дарсади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат карданд ва 90 дарсади онҳо хостори ҷудоӣ аз Испания шудаанд.

Мақомҳои маҳаллии Каталония мегӯяд, ки беш аз ҳазор нафар дар пайи даргирӣ ва хушунатҳои рӯзи якшанбе ҷароҳат бардоштаанд. Вазорати умури дохилии Испания аз захмӣ шудани 33 нафар аз кормандони полис хабар дод.

Рӯзи 3-юми октябр дар Каталония без аз 700 ҳазор нафар ба нишони эътироз алайҳи хушунат аз сӯи полиси Испания дар рӯзи ҳамапурсӣ коршиканӣ карданд. Дар минтақа нақлиёти ҷамъиятӣ кор намекунад. Эътирозгарон аз Иттиҳодияи Аврупо даъват карданд, ки дар ҳалли бӯҳрон миёнҷигарӣ кунад.

Дирӯз шоҳи Испания Фелипе VI мақомоти Каталонияро дар халалдор кардани принсипҳои демократӣ ва тафриқаандозӣ дар ҷомеа айбдор кард. Дар як паёми телевизионӣ ӯ ба якпорчагии Испания таъкид кард ва изҳор намуд, ки созмондиҳандагони ҳамапурсӣ барои эътидол дар кишвар халал эҷод карданд. Ҳамзамон Фелипе VI гуфт, ки нигаронии мардуми Каталония аз хушунати пулиси Испания дар баробари раъйдиҳандагонро дарк мекунад.

Рӯзи 3-юми октябр нахуствазири Испания Мариано Рахой изҳор намуд, ки ҳамапурсӣ дар Каталония хилофи Қонуни асосии кишвар аст. Комиссиюни Аврупо низ ҳамапурсиро ғайриқонунӣ хонд ва аммо хушунат алайҳи мардум аз сӯи кормандони полиси Испанияро маҳкум накард.

XS
SM
MD
LG