Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои ироқӣ маркази шаҳри Ҳавиҷаро бозпас гирифтанд


Артиши Ироқ хабар дод, ки нерӯҳои ҳукуматӣ маркази шаҳри Ҳавиҷа, пойгоҳи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” дар вилояти нафтхези Каркукро ишғол карда, талоши пурра бозпас гирифтани шаҳрро доранд.

Раҳбари амалиёти низомӣ генерал-лейтенант Абдул Амир Ёралла рӯзи 5 октябр гуфт, ки низомиён, нерӯҳои полис ва гурӯҳҳои шибҳанизомӣ бо пуштибонии ҳавопаймоҳои Эътилофи таҳти фармони ИМА, маркази шаҳри Ҳавиҷаро бозпас гирифтанд ва амалиёт барои комилан озод намудани маҳаллаҳои он тдома меёбад.

Амалиёти озодсозии Ҳавиҷа аз мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” 21 сентябр шурӯъ шуд. Ҳавиҷа дар 240-километрии шимоли Бағдод ва дар 50-километрии ғарби Каркук воқеъ аст.

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 3 октябр изҳор намуд, ки баъд аз шурӯи амалиёт дар Ҳавиҷа тақрибан 12500 нафар аз сокинони осоишта шаҳрро тарк карданд. Теъдоди мардуми дар Ҳавиҷа боқимонда дақиқ нест, вале ҳадс зада мешавад, ки шумораи онҳо на камтар аз 78 ҳазор нафар аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG