Пайвандҳои дастрасӣ

Нурбибӣ Мансурова: “Худоро шукр, ки аз ин “дӯзах” халос шудам” ВИДЕО


Акси Нурбибӣ Мансурова аз бойгонии Радиои Озодӣ

Нурбибӣ Мансурова, шаҳрванди Тоҷикистон, ки мегуфт, дар хонаи марди арабе зери шиканҷа қарор дорад, раҳо шудааст ва интизор меравад, ба зудтарин фурсат ба Тоҷикистон баргардад. Ин зан шаби 4-уми октябр дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, нисфирӯзӣ кормандони сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ӯро аз хонаи марди араб берун овардаанд.

Ҳолаташ хуб нест. Бояд ӯро як моҳ ба ҳоли худаш гузоранд. Чун дар инҷо азоб кашидааст ва барои берун шудан аз ҳолати бади рӯҳӣ барояш вақт зарур аст

“Ҳоло дар ҷои ором қарор дорам. Ҳазор бор шукр, ки аз азоб халос шудам. Ташаккур ба онҳое, ки дар озодии ман аз ин “дӯзах” саҳм гирифтанд”, - гуфт ӯ. Нурбибӣ Мансурова гуфт, сафорат ӯро бо ҷойи хоб таъмин кардааст ва қарор аст, фардо билети ҳавопаймо барои бозгашт ба ватанро харидорӣ кунад.

Як зани дигари тоҷик, ки Нурбибиро пас аз озодшавиаш ҳамроҳӣ мекард, бидуни зикри номаш гуфт, ки ҳолати рӯҳии ӯ чандон хуб нест. “Ақаллан як моҳ бояд ӯ табобат гирад. Ҳолаташ хуб нест. Бояд ӯро як моҳ ба ҳоли худаш гузоранд. Чун дар инҷо азоб кашидааст ва барои берун шудан аз ҳолати бади рӯҳӣ барояш вақт зарур аст”, - афзуд ӯ.

Видео. Илтиҷои як зани тоҷик: "Маро аз ғуломӣ озод кунед"

Нурбибӣ Мансурова, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон охири ҳафтаи гузашта дар як тамоси видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, гӯё ширкати “Имкон-2015” бо роҳи фиреб ӯро ба Арабистони Саудӣ бурдаааст ва ӯ дар хонаи корфармо чун ғулом ба сар мебарад. Нурбибӣ Мансурова гуфта буд, соҳибхоназан бо духтараш рӯзе нест, ки ӯро зери латту кӯб қарор надиҳанд.

Ӯ дар шарҳи қиссаи сафари худ ба Арабистони Саудӣ гуфт, қаблан бинобар мушкили рӯзгор мехост, ба муҳоҷирати корӣ ба Русия равад, вале хоҳаронаш монеъ шуданд. Нурбибӣ гуфт, “як рӯз дар бозори ноҳияи Восеъ марде бо номи Ҳоҷӣ Искандар дар ошхонае, ки кор мекардам, хӯрок хӯрд ва пешниҳоди кор дар Саудиро намуд.”

Бо вуҷуди мухолифати духтаронаш, ӯ шавҳарашро барои рафтан ба Саудӣ розӣ намуда, рӯзи 10-уми августи соли 2016 тариқи ҳавопаймо ба Арабистони Саудӣ парвоз кард. Ин зан гуфт, ба ӯ ваъда карданд, ки дар Саудӣ зани пиреро нигоҳубин мекунад ва моҳона 600 доллар дарёфт хоҳад кард. Зимнан, давоми се моҳ як бор имкони бозгашт ба ватан ва дидорбинӣ ба пайвандонро дорад. Пас аз ду соли корӣ метавонад маросими Ҳаҷро адо намояд. Ваъдаҳое, ки ба гуфтаи Нурбибӣ ҳеҷ кадомаш иҷро нашуд ва ӯро рӯзи аввал назди зани маъюбе оварданд, ки ҳамеша латту кӯб мекард.

“Баъд аз шикоят писари ин зан маро ба хонаи худаш овард, вале зану духтари ин мард маро бештар аз модараш азият медиҳанд”,-гуфта буд ӯ.

Пайвандон дар ноҳияи Восеъ як сол боз дар интизори бозгашти Нурбибӣ ҳастанд. Худойдод Ишматов, писари ин зан, охири ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, модараш моҳе як дафъа бо онҳо телефонӣ сӯҳбат мекард, вале аз вазъи худ барои нигарон нашудани пайвандон лаб намекушод.

Нурбибӣ Мансурова дар шаҳри Ал-Қурияи Садиқаи Ас-Сафири Арабистони Саудӣ дар хонаи марди арабе хидматкор буд. Ҳоло ин зан дар ҳоле ба ватан оварда мешавад, ки Додситонии кул нисбат ба ширкате, ки ӯро барои кор ба Арабистони Саудӣ фиристод, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG