Пайвандҳои дастрасӣ

Кремлин аз сафири ИМА рушди равобит бо Вашингтонро умедвор аст


Сафири Амрико дар Русия ба президент Путин эътиборномаро тақдим кард. 3-юми октябри соли 2017

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин изҳори умед кард, ки сафири нави Амрико дар Русия дар рушди равобити гусастаи Маскаву Вашингтон кумак мекунад.

Путин рӯзи 3-юми октябр дар маросими қабули эътиборномаи сафирони хориҷӣ рӯ ба сафири нави Амрико Ҷон Ҳантсман овард ва дар робита ба ҳалокати одамон дар Лас Вегас изҳори тасаллият кард.

Путин дар масъалаи равобити дуҷонибаи Амрико ва Русия гуфт, ки ин равобит бояд созанда ва қобили пешгӯӣ бошад.

Робитаи Маскаву Вашингтон дар пасманзари як идда масоил, аз ҷумла таҷовузи Русия ба Украина, амалкардҳояш дар Сурия ва ба гуфтаи ҷомеи истихбороти ИМА, дахолати Маскав ба умури интихоботи соли 2016 дар Амрико, рӯ ба харобӣ овард. Русия ҳамагуна дахолат ба умури интихоботи Амрикоро рад мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG