Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исҳоқов: Музокироти пойгоҳи дувуми Русия дар Қирғизистон идома дорад


Нахуствазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов бо ноибонаш Темур Ҷумъақодиров ва Душенбек Зилалиев

Сафар Исҳоқов, нахуствазири Қирғизистон, дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки тасмими бунёди пойгоҳи дувуми Русия дар ин кишвар ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва музокирот идома дорад. Ӯ рӯзи 2-юми октябр гуфт, "барои таъмини амнияти минтақа, бо шумули Қирғизистон, дар ҷануб бояд як пойгоҳи низомӣ бунёд шавад."

Сафар Исҳоқов ба суоли рӯзноманигорон, ки "президент Алмосбек Отамбоев пештар гуфта буд, Русия метавонад пойгоҳи дувумашро дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҷойгир кунад гуфт, "дар сатҳи вазирон дар бораи ин мавзуъ машварат идома дорад".

Ҳафтаи гузашта сарвазири Қирғизистон бо сафари расмӣ ба Русия рафт ва бо мақомоти он кишвар, аз ҷумла нахуствазири Русия Дмитрий Медведев мулоқот кард.

Русия ҳоло дар Қирғизистон як пойгоҳи низомӣ дорад. Ин пойгоҳ соли 2003 дар доираи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) дар шаҳри Канти вилояти Чуйи Қирғизистон бунёд ёфт.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 19-уми июли соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG