Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд як зан ва ду фарзандаш аз сӯхтор ҷон бохтанд


Шаби шанбе ба якшанбеи 30-юми сентябр бар асари сӯхтор дар манзили як сокини шаҳраки Консой воқеъ дар 20-километрии шимоли шаҳри Хуҷанд, ду кӯдаки ноболиғ ва модари онҳо, ҷон бохтанд. Аз идораи оташнишонии шаҳри Гулистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қурбониёни ин ҳодиса модари ин хонадон Маҳлиё Урузалиев ва ду фарзандаш Ҳасани 3-сола ва Азизаи 1-сола мебошанд.

Акмал Тошматов, корманди Идораи сӯхторхомӯшкунии шаҳри Гулистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳодиса падари хонадон Мамарасул Урузалиева ва дигар аъзои хонавода, ки дар утоқи дигар хоб буданд, осеб надиданд. Ба гуфтаи вай, Ҳасан ва Азиза дар ҷои ҳодиса ҷон бохта ва Фотимаи 3-сола дар бахши эҳёи беморхонаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ аст ва вазъаш вахим мебошад.

Ба иттилои Хадамоти оташнишонии Суғд, дар ҳоли ҳозир гурӯҳи мутахассисони ин ниҳод ва Сарраёсти Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон ба ҷои ҳодиса рафта ва сабаби сар задани сӯхторро таҳқиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG