Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карлес Пучдемон: Каталония ба истиқлолият расид


Испания- президенти Каталония Карлес Пучдемон
Испания- президенти Каталония Карлес Пучдемон

Карлес Пучдемон, раҳбари ҳукумати Каталония шаби якшанбе гуфт, ки "ин минтақа аз ҳақи истиқлолият бархурдор шуд". Дар ин бора хабаргузории Associated Press рӯзи 1 октябр иттилоъ дод.

Натиҷаи раъйпурсии истиқлолхоҳии Каталония аз Испания рӯзҳои наздик эълон мешаванд. Пулиси Испания барои монеъ шудан ба баргузории раъйпурсии Каталония аз нирӯ, чӯбдаст ва гулӯлаҳои резинӣ истифода кард. Хадамоти вокуниши сареи Каталония гуфт, ки дар натиҷаи задухӯрд бо пулис 760 нафар захм бардошт.

Ба иттилои манобеи дигар, шумори осебдидаҳо ба беш аз 400 нафар мерасад. Дар баъзе нуқтаҳои овоздиҳӣ варақа ва сандуқҳои раъй мусодира шуданд.

Пештар ҳукумати Испания гуфта буд, ки ба баргузории ин раъйпурсӣ иҷозат нахоҳад дод. Назархоҳӣ бо қарори додгоҳи конститутсионии Испания ғайриқонунӣ эълон шуд. Овоздиҳӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ ба поён расид, вале намояндагони ҳукумати Каталония гуфтанд, ҳар касе ин соат барои раъйдиҳӣ дар навбат аст, ба назди сандуқҳо роҳ дода хоҳад шуд.

Ба иттилои вазири умури дохилии Испания, дар натиҷаи задухӯрд бо сокинони Каталония 12 корманди пулис захмӣ шудаанд. Вазир гуфт, онҳо тавонистанд, 92 нуқтаи овоздиҳиро масдуд кунанд. Пештар хабар доданд, ки пулис аз 2 ҳазор ҳавзаи овоздиҳӣ беш аз 300 ҳавзаро бастааст.

XS
SM
MD
LG