Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Низомиён баъди “Запад 2017” ба пойгоҳҳо баргаштанд


Мақомҳои Русия иддаои ҷониби Украинаро рад карданд, ки гуфтааст, Маскав бар хилофи ваъдааш бархе аз низомиёни худро пас аз адои тамрини “Запад 2017” дар Беларус ҳифз намуд.

Игор Конашенков, сухангӯи Вазорати дифои Русия, рӯзи 30-юми сентябр дар як эъломия гуфт, нирӯҳои Русия баъди анҷоми машқи муштарак ба пойгоҳҳои худ баргаштанд.

Пеш аз ин, як мақоми Украина дар суҳбат бо хабаргузории “Ройтерс” иддао карда буд, ки баъзе низомиёни рус дар Беларус боқӣ мондаанд.

Тамриноти моҳи гузашта дар Беларус ва бахшҳое аз ғарби Русия ба нигарониҳои кишварҳои ҳамсоя, ки узви НАТО-анд, сабаб шуд.

XS
SM
MD
LG