Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯёни ДИИШ Ал-Қарятайни Сурияро тасарруф карданд


Ҷангҷӯёни гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” назорати шаҳри Ал-Қарятайни Сурияро дубора ба даст гирифтаанд. Дар ин бора рӯзи 1-уми октябр Созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, хабар дод. Ин хабарро чанде аз рӯзноманигорони маҳаллӣ дар Твиттер низ тасдиқ карданд.

Шаҳри Ал-Қарятайн дар ҷануби ғарби шаҳри Палмира таҳти ҳимояти нирӯҳои ҳукуматӣ буд.

Бино ба хабари расонаҳо, дар ин шаҳр "ячейкаи ҷангҷӯён" амал мекард. Тасарруфи шаҳри Ал-Қарятайн бо ҳамлаи ҷангҷӯён ба маҳалли нирӯҳои Сурия дар ҷануби шаҳри Дайр-аз-Зур ба рост омадааст.

Шаҳри Ал-Қарятайн баҳори соли гузашта аз тасарруфи ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" озод шуда буд. Ин шаҳр бори аввал соли 2015 ба дасти ҷангҷӯён афтод.

XS
SM
MD
LG