Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Эрон кӯдакони афғонро ба ҷанги Сурия бурдааст


Масъулони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch, қароргоҳаш дар Ню-Йорк Сипоҳи посдорони инқилоби Эронро барои ҷалби кӯдакони муҳоҷири афғон дар ҷанги Сурия муттаҳам карданд.

Бино ба гузориши тозаи ин созмон, ки рӯзи 1-уми октябр нашр шуд, ин атфол тақрибан 14-солӣ дошта, дар ҷабҳаи Фотимиён дар Сурия ҷангидаанд.

Гузоришгарони созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар гузориши тозаи худ гуфтааст, бар асоси қонуни байналмилалӣ ҷалби кӯдакони зери синни 15 барои иштирок дар ҷанг ҷинояти ҷангӣ ба шумор меравад.

Ҷониби Эрон то ҳол дар ин бора шарҳе надодааст.

XS
SM
MD
LG