Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 28 сокини осоишта дар бомбаборони Идлиб


Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ болои шаҳри Идлиб дар шимоли Сурия 28 нафар, аз ҷумла чаҳор кӯдак, кушта шуданд. Идлиб маркази мухолифони мусаллаҳи ҳукумат мебошад.

Масъулони созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, марказаш дар Лондон, гуфтанд, ки ин ҳамла шаби 30-юми сентябр дар шаҳраки Арманоз, чанд километр дуртар аз марзи Туркия, рух додааст.

Ин созмон гуфтааст, то ҳол маълум нест, ин бомбаборон тавассути кӣ сурат гирифт. Аммо аз чаҳор рӯз ба ин тараф нирӯҳои ҳукумати Сурия ва Русия Идлибро бомбаборон мекунанд.

Ба гуфтаи масъулони созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, баъд аз онки рӯзи 19-уми сентябр мухолифини режими Башор Асад ҳамлаҳои васеъро дар шимоли Сурия оғоз карданд, дар ҳамлаҳои ҳавоии нирӯҳои Русия ва Сурия теъдоди зиёди мардуми осоишта кушта шуданд.

Русияву Туркия ва Эрон рӯзи 15-уми сентябр мувофиқат карданд, ки дар ҷараёни талошҳои оташбас дар Идлиб як минтақаи коҳиши хушунатро эҷод мекунанд. Ҳукумати Сурия гуфтааст, ки дар ин мувофиқат гурӯҳҳои ифротӣ шомил нестанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG