Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати беш аз 10 низомии афғон дар пайи ҳамлаи як маргталаб


Сарбозони артиши Афғонистон баъди ҳамлаи мушакӣ ба сӯи фурӯдгоҳи Кобул
Сарбозони артиши Афғонистон баъди ҳамлаи мушакӣ ба сӯи фурӯдгоҳи Кобул

Дар натиҷаи ҳамлаи як маргталаб дар вилояти Қандаҳори Афғонистон дасти кам 12 корманди нирӯҳои амниятии ин кишвар кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуд. Дар ин бора пулиси Афғонистон рӯзи 28 сентябр хабар дод.

Ба иттилои пулис, маргталаб мошини "Ҳамвӣ"-ро, ки маводи тарканда дошт, дар назди бинои ҳукумат ва пулиси маҳаллии ноҳияи Маъруф мунфаҷир кард. Масъулияти ин ҳамларо ҷумбиши даҳшатафкани Толибон ба зимма гирифтааст.

Толибон эълом кард, ки ҷангиёнаш маркази ноҳияи Маъруфро ишғол карданд, вале Дурронӣ ва ду намояндаи шӯрои вилоят ин иддаоро рад мекунанд.

Низомиёни амрикоӣ садҳо мошини "Ҳамвӣ"-ро дар ихтиёри артиши Афғонистон қарор додаанд. Тайи чанд соли ахир ҷангиёни Толибон даҳҳо мошини гаронарзиши мазкури низомиро тасарруф кардаанд.

Дар ҷараёни сафари вазири дифои ИМА Ҷим Мэттис ва дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ба Кобул дар рӯзи 27 сентябр шӯришгарон ба сӯи фурудгоҳи байналмилалии Афғонистон чанд мушак партоб карданд. Масъулияти онро Толибон ва гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ба зимма гирифтанд.

XS
SM
MD
LG