Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико: "Омодаи миёнҷигарӣ байни иқлими Курдистон ва Бағдод ҳастем"


Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбе аз омодагии Вашингтон барои миёнҷигарӣ миёни иқлими Курдистони Ироқ ва Бағдод хабар дод. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико Ҳедер Найерт (Heather Nauert) рӯзи 28-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, агар дархост шавад, ИМА омодааст ба ин гуфтугӯҳо, кӯмак кунад. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико бо ишора ба инки Вашингтон дӯсти курдҳо ва ҳукумати марказии Ироқ аст, гуфт, ИМА майл надорад коре бикунад, ки боиси афзоиши таниш шавад ва кишвараш хоҳони Ироқи босубот ва якпорча аст. Беш аз 92 дарсади ширкаткунандагон дар раъйпурсии рӯзи душанбеи 25-уми сентябр аз истиқлоли иқлими Курдистони Ироқ ҳимоят карданд. Ҳукумат ва порлумони Ироқ ин ҳамапурсиро ғайриқонунӣ хондааст. Пеш аз ин, Амрико низ бо баргузории ин ҳамапурсӣ мухолифат карда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG