Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

122 ширкат аз Тоҷикистон молу колои худро ба Узбакистон мебаранд


Дар намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон дар Узбакистон 122 ширкати тоҷикистонӣ колоҳои худро ба намоиш мегузоранд. Қарор аст ин намоишгоҳ аз 11 то 13-уми октябри соли равон дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон баргузор шавад.

Дар ин бора Дилшод Мирсаидов, сардори шӯъбаи фаъолияти намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ба қавли ҷаноби Мирсаидов, ҳафтаи гузашта дар ин бора дастури Ҳукумат низ содир шуда, омодагиҳо ҷараён дорад.

Ин масъули Палатаи савдо ва саноат афзуд, дар ин намоишгоҳ 65 ширкат аз вилояти Суғд, 30 адад аз Хатлон, 21 аз Душанбе ва 6 ширкат аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иштирок мекунанд. Дар назар аст, ки ҳафтаи оянда намояндагони ширкатҳои Тоҷикистон барои омодагӣ ба намоиши молу коло ба Тошканд парвоз кунанд.

Пештар Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нав гуфта буд, ки дар намоишгоҳи Тоҷикистон дар Узбакистон маҳсулоти бахши мошинсозӣ, алюминиюм, маъдан, саноати сабук ва хӯрокворӣ, ба намоиш гузошта мешавад.

Қарор буд, намоишгоҳи Тоҷикистон дар Тошканд моҳи сентябр баргузор шавад, аммо замони баргузории он ба як моҳ ақиб гузошта шуд. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар Душанбе нахустин намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбакистон баргузор шуда буд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ миёни ду кишвар ба маблағи ҳудуди 250 миллион доллар додугирифти маҳсулот сурат гирифтааст. Феълан дар Душанбе намояндагии саноати мошинсозии Узбакистон ифтитоҳ шуда, дар бозорҳои Тоҷикистон маҳсулоти нассоҷии тавлиди ин кишвари ҳамсоя ба фурӯш гузошта мешавад.

XS
SM
MD
LG